Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Тоҷикистону Тотористон- густариши ҳамкориҳо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия аз мавзуъҳои асосии вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Гулрӯ Қаюмова бо ҳайати намояндагони ин ҷумҳурӣ таҳти раёсати муовини аввали Вазири саноат ва савдои Тотористон Руслан Кабиров маҳсуб меёфт, ки рӯзи 22 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид. 

Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан дар соҳаҳои энергетика, нафту газ ва саноати кимиё, мошинсозӣ, нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, илм ва туризм ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштанд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное