Навиди Вазорат



Ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

23 феврали соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва ҳамраисии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Керимов Инам Имдад оғлу дар шакли ҳузурӣ баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Алиев Илҳом Ҳайдар оғлу муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.

Дар ҷаласа ҷонибҳо ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа ва технологияҳои муосир, маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, бонкӣ, меҳнат ва муҳоҷират, ҳифзи муҳити зист, варзиш ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузорони озарбойҷонӣ, воридоти маҳсулоти нафтӣ ва кластеризатсияи занҷираи арзиши иловашуда дар бахши кишоварзӣ ба мувофиқа расиданд.

Ҷаласа дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, дар анҷоми он Протокол ба имзо расонида шуд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное