Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори минтақавӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дафтари ҳамоҳангсозии рушди СММ хонум Гви-Йоп Сон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

21 феврали соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завкӣ Амин бо Директори минтақавӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дафтари ҳамоҳангсозии рушди СММ хонум Гви-Йоп Сон баргузор гардид.

Завқизода З. А. ба хонум Гви-Йоп Сон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд вобаста ба амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои кишвар миннатдорӣ баён намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо корҳои омодагиро ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Пешниҳод гардид, ки дар Барномаи кишварии оҷонсиҳои СММ барои солҳои минбаъда ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди иқтисоди сабз ва иқтисоди рақамӣ ба инобат гирифта шаванд.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ барои пешниҳоди Ҳисоботи ихтиёрии (VNR) дар СММ дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хонум Гви-Йоп Сон омодагии Созмони Милали Муттаҳид ва оҷонсиҳои онро барои мусоидат намудан дар амалӣ гардонидани ҳадафу афзалиятҳои рушди кишвар ва баргузории чорабиниҳои қайдгардида баён намуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное