Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Ҳифзи иҷтимоӣ” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

23 ноябри соли 2021 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Ҳифзи иҷтимоӣ” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд.

Дар ҷаласа аъзои Гуруҳи кории байниидоравӣ бо нақши Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун платформаи таҳия ва татбиқи сиёсати умумии рушди устувор, вазифа ва функсияҳои Гурӯҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, шинос шуданд.

Иштирокчиёни нахустҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравӣ масъалаҳои таъмини низоми ҳифзи иҷтимоӣ, афзалияти стратегии сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дастоварду мушкилоти Вазорат дар самти татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дигар барномаҳои соҳавиро дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) муҳокима намуданд.

Дар ҷаласаи корҳои анҷомдодашуда ва дарпешистода оид татбиқи лоиҳаи тадқиқотӣ дар самти таъмини дастрасӣ ва иштироки одамони имконияташон маҳдуд дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, дастрасӣ ба воситаҳои зиндагӣ ва эҷоди стандартҳои дастрасӣ дар Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, муаррифӣ гардиданд. Таҳқиқот шарҳи системаи мавҷудаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ошкорнамоии дарки мушкилоти аслие, ки бо онҳо одамони имконияташон маҳдуд рӯ ба рӯ мешаванд, дар бар мегирад.

Илова бар ин, иштирокчиёни нахустҷаласа имконияти шиносоӣ бо тадқиқоти ноҳияи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар самти арзёбии ҳиссаи одамон бо нуқсонҳои функсионалӣ ва талабот ба дастгоҳҳои ёрирасон ва ҳамчунин, қонеънамоии ниёзи онҳо гузаронида шуда буд, шиносоӣ пайдо намуданд. Тадқиқот нишон дод, ки ба ҳисоби миёна 24,6% пурсидашудагон дар яке аз самтҳои функсионалӣ ҳадди аққал каме мушкилот доранд, ки 6,9% онҳо эҳтимолан ба як дастгоҳи ёрирасон эҳтиёҷ доранд, аммо имкони харидории онро надоранд. Дар натиҷаи пурсиш СУТ тавсияҳоро оид ба фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ бо назардошти таъмини дастгоҳҳои ёрирасон таҳия намуд, ки дар рафти ҷаласа пешниҳод карда шуданд.

Дар рафти ҷаласа низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ гашта, фарқияти асосии он аз низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҳамчунин ҳамгироии ҲРУ дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ муҳокима шуданд.

Дар анҷоми ҷаласа модули омӯзишӣ барои тақвияти иқтидори аъзои Гуруҳи корӣ гузаронида шуд, ки то 24 ноябри идома ёфт. Ҳадафи асосии модули омӯзишӣ ба иштирокчиён таълим додани асосҳои банақшагирии стратегии соҳавӣ, сафарбарнамоии захираҳо, инчунин низоми мониторинг ва арзёбӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.

Бо мақсади такмил додани низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ ва ҲРУ, Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳҳои корӣ ташкил медиҳад, ки аз намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иборатанд. Дар маҷмуъ 14 гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд мувофиқи самтҳои соҳавии рушди фарогири афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ҲРУ ташкил карда шудаанд.

Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. муроҷиат намоед.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное