Навиди Вазорат



Маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

5 ноябри соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуҷҷати тақдирсоз буда, барои рушду нумӯи кишвар саҳми назаррас гузоштааст. Завқизода З. А. ҳамзамон қайд кард, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд “Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳилаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард”. Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ аз ҷониби сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии Вазорат – Сафарзода Баҳодур Пулод тариқи рӯнамо оид ба аҳаммияти бузурги конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми қонунгузории кишвар шарҳу тавзеҳ дода шуда, қайд гардид, ки Конститутсия яке аз муҳимтарин рукнҳои мавҷудияти давлати соҳибистиқлол буда, барои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное