Навиди Вазорат



Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо дар маросими расмии ифтитоҳии 4-умин Намоишгоҳи байналмилалии воридоти Чин ва Форуми байналмилалии иқтисодии Хунтсяо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

4 ноябри соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар маросими расмии ифтитоҳии 4-умин Намоишгоҳи байналмилалии воридоти Чин ва Форуми байналмилалии иқтисодии Хунтсяо, ки дар шакли видеоконфронс ва ҳузурӣ бо иштироки як қатор кишварҳои ҷаҳон, намояндагони дипломатии мамлакатҳои хориҷӣ ва ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид, ширкат варзид.

Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин чорабинии номбурдаро ифтитоҳ намуда, баъдан сухани ифтитоҳӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дода шуд.

Қайд гардид, ки намоишгоҳи мазкур ба дарёфти имкониятҳои ҳавасмандгардонӣ ва хизматрасонии корхонаҳои дахлдор барои рушди бозорҳои хориҷӣ ва дохилӣ, ҷустуҷӯи имкониятҳои нав дар вазъияти махсус, инчунин ба муомилоти дукаратаи бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон қайд кардан бамаврид аст, ки дар маросимиифтитоҳӣ Президенти Ҷумҳурии Аргентина, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Президенти Ҷумҳурии Замбия, Сарвазири Ҷумҳурии Италия, Сарвазири Шоҳигарии Тайланд, инчунин Директори Генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное