Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

27 октябри соли 2021 бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагол баргузор гардид.

Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Туркия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дошта, бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Раҷаб Тайиб Эрдуғон муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Боиси хушнудист, ки дар 9 моҳи соли 2021 тиҷорати дуҷониба байни кишварҳои мо 16,9 фоиз афзоиш ёфта, 58 фоизи ҳаҷми умумии он ба содироти Тоҷикистон рост меояд.

Дар вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисоди ҳар ду кишвар, аз ҷумла таъсиси Гурӯҳи корӣ доир ба омодасозии Харитаи роҳ оид ба бомаротиб афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия, ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни минтақаҳои озоди иқтисодии ду кишвар, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима карданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное