Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо соҳибкорони ҳиндӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди гуногунҷабҳа бо соҳибкорони Ҳиндустонӣ аз мавзуъҳои асосии мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо президенти Созмони истеҳсолкунандагони миллии умумиҳиндустонӣ, роҳбари ширкати DUGAR Тарачанд Дугар ва мушовирони ӯ Даман Прокаш ва Мину Фали Титина буданд. 

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш байни корхонаю ширкатҳои ҳарду мамлакат дар самтҳои мухталифи иқтисодӣ, аз ҷумла коркарди меваю сабзавот, соҳаи нассоҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, маводи сохтмон ва саноати дурусозӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва технологияи муосир, соҳаи туризм ва индустрияи филмбардорӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо дар интиҳои вохӯрӣ азми қавии хешро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои муҳими иқтисоду тиҷорат баён доштанд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное