Навиди Вазорат



Ҷонибҳои Тоҷикистону ИМА дар Вашингтон омодагии худро барои тавсеа додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорию энергияи сабз ва пешгирии паёмадҳои паҳншавии КОВИД-19 ва тағйирёбии иқлим изҳор намуданд.

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

1 июли соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин қисмати иқтисодӣ ва энергетикии машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Вашингтонро якҷо бо Мэтт Марри муовини ёрдамчии Котиби давлатии ИМА оид ба иқтисод ва тиҷорат раисӣ карда, масъалаҳои истифодаи пурраи имкониятҳои савдо ва сармоягузории дуҷониба, ҳамгироии минтақавӣ, пешгирии тағйирёбии иқлим ва муҳити зист, коронавируси COVID-19 ва тандурустиро бо ҷониби ИМА муҳокима намуданд.

Қайд гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо ИМА сол то сол рушд карда ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷиҳати истифодаи имкониятҳои васеи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории ИМА барои манфиатҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон дар самтҳои сафарбар намудани дастгириҳои молиявию техникии иловагӣ, аз ҷумла тавассути USAID ва Эксимбонки ИМА, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергияи сабз, пешгирии тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ, ҳифзи хуқуқи моликияти зеҳнӣ, пешгирӣ ё кам кардани паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва ҳифзи тандурустиву иҷтимоии аҳолӣ ва аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда корҳоро тақвият медиҳанд.

Дар робита ба ин иттилоъ дода шуд, ки соҳаҳои энергетика, саноати истихроҷи маъдан, нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва маҳсулоти он, инчунин сайёҳӣ ва бонкдорӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи махсуси сармоягузорони ИМА ба ҳисоб рафта, пешниҳод гардид, ки ҳамкориҳо дар ин замина бо мақсади тавсеа ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шаванд.

Инчунин қайд гардид, ки кӯмаки USAID дар ҳаҷми 46,5 млн. доллар барои Тоҷикистон дар соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон мусоидати ИМА-ро ҷиҳати ба кишвар ҷудо намудани ваксинаҳои намуди Pfizer ва Moderna хоҳиш намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои ҳаматарафа густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуданд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное