Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Баимзорасонии Ёддошти тафоҳум

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

17 июни соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи Лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ байни Котиботи Давлатии Швейтсария оид ба иқтисодиёт (SECO), Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Федералии моликияти зеҳнии Швейтсария ба имзо расонида шуд.

Ёддошти тафоҳуми мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Шариф Раҳимзода- Вазири рушди иқтисод ва савдо, аз ҷониби Швейтсария Питер Микула- Директори Дафтари Швейтсариягӣ доир ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, инчунин Феликс Аддор -Муовини аввали Директор ва Уели Бури- Муовини Директори Институти Швейтсариягии моликияти зеҳнӣ ба имзо расониданд.

Ҳадафи баимзорасонии Ёддошти тафоҳуми мазкур ин муайян намудани шартҳои ҳамкорӣ, нақш ва уҳдадории Тарафҳо барои идоракунӣ ва татбиқи Лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки Лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ ин нахустин Лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур аз ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Швейтсария асос ёфта, барои дастгирии фаъолияти мақомотҳои дахлдор дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.

Лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ дар давоми се сол амал менамояд ва хароҷоти он 1 миллион франки Швейтсарияро дар бар мегирад, ки он аз тарафи Ҳукумати Швейтсария ҳамчун кӯмаки бе бозгашт пардохт карда мешавад. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное