Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҷаласаи сеюми Кумита оид ба ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

18 июни соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи сеюми Кумита оид ба ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Иттиҳоди Аврупоро дар ҷаласа Хонум Риина Кионка, Роҳбари бахши Осиёи Марказии Хадамоти Аврупо оид ба амалиёти беруна, ҳамчунин, ҷаноби Жан Клод Буадан, Роҳбари Шуъбаи ҳамоҳангсозии ҷуғрофии барномаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик/ кишварҳои Халиҷи Форс ва Осиё, Директорати генералӣ оид ба рушд ва ҳамкории Комиссияи Аврупо намояндагӣ намуданд.

Ҷониби Тоҷикистонро Саидраҳмон Назриев-Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо роҳбарӣ карданд.

Кумитаи мазкур дубора ҳавасмандии ҳарду ҷонибро барои мустаҳкам намудани муносиботи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун иброз намуда, доираи ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Ҷонибҳо идомаи амалишавии Барномаи Иттиҳоди Аврупоро дар Осиёи Марказӣ дар марҳилаи нави буҷавии солҳои 2014 то 2020 муҳокима намуданд. Тахмин меравад, ки Иттиҳоди Аврупо ба ин минтақа дар ҳаҷми 1 миллиард евро кӯмак расонад. Аз ин маблағ наздики 250 миллион евро барои кӯмак ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди хоҷагии маҳаллии Тоҷикистон равона хоҳад шуд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, масъалаҳои рушди макроиқтисодӣ, аз ҷумла, сармояи давлатӣ ва хусусӣ, захираҳои обӣ, гидроэлектроэнергия ва энергетика мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное