Навиди Вазорат



Бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

8 апрел дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин ҳамаи кормандони вазоратро бо камоли эҳтиром самимона табрику таҳният намуда, дар фаъолияти кориашон пешравию комёбиҳо таманно намуд.

Завқизода З. А. қайд намуд, бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз ба нишондиҳандаҳои назаррас макроиқтисодӣ ноил гардида истодаем.

Инчунин қайд гардид, ки дар ҳақиқат, вазифаи калидии сиёсати иқтисодии кишвар имрӯз баланд бардоштани дараҷаи рақобатнокии иқтисоди миллӣ мебошад, ки ба ин самт фаъолияти доимии кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо равона шудааст.

Аз сатҳи касбият ва фаъолияти пурсамари маҳз чунин кормандон рушди минбаъдаи иқтисоди кишвар ва шукуфоии он вобастагии бевосита дорад.

Дар интиҳои ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба якчанд нафар корманди дастгоҳи марказии Вазорат ва зерсохторон ифтихорномаҳо сарфароз намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное