Навиди Вазорат



Мизи мудаввар оид ба муаррифии лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

18 марти соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, коршиносони соҳавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мизи мудаввар оид ба муаррифии лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" баргузор гардид.

Мизи мудавварро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ҳусни оғоз бахшида, баён намуд, ки лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо назардошти фикру таклифҳои тарафҳои ҳавасманд таҳия гардида, дар он истифодаи пурраи захираву имкониятҳои мавҷуда, манбаъҳои иловагии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва андешидани 765 тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар пешбинӣ шуданд.

Қайд гардид, ки дар давраи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 як қатор ислоҳоти назаррас дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт гузаронида шуданд. Аз ҷумла, расмиёти бақайдгирӣ, низоми иҷозатномадиҳӣ ва санҷиши субъектҳои хоҷагидорӣ содда гардонида шуда, механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба роҳ монда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардида, ба низоми савдои байналмилалии бисёрҷониба шомил шуд. Аввалин маротиба дар давраи соҳибистиқлолӣ рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар аз ҷониби ширкатҳои байналмилалии рейтингии «Standard & Poor's» ва «Moody's Investors Service» дар сатҳи “В, бо дурнамоии рушди устувор” муайян гардид. Таҷдиди Ширкати “Барқи тоҷик” оғоз гардида, маблағгузории сарикасӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ҷорӣ карда шуд.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи татбирҳои андешидашуда, дар давоми солҳои 2016-2020 новобаста аз таъсири буҳронҳои иқтисодию иҷтимоии глобалӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ нисбати шарикони асосии тиҷоратии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Аз ҷумла, рушди миёнасолонаи ММД дар сатҳи на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд. Сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоиз то 26,3 фоиз коҳиш дода шуда, тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ аз руи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ Тоҷикистон ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид. Даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 маротиба ва шумораи соҳибкорон 1,6 маротиба афзоиш ёфтанд. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 26 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 74 фоиз кам гардид. Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ 59 зина ва нишондиҳандаи сифати инфрасохтори роҳҳо тибқи арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ 32 зина беҳтар гардид.

Муаррифӣ гардид, ки арзиши умумии лоиҳаи барномаи мазкур 115,3 млрд. сомонӣ буда, аз он 51,3 млрд. сомонӣ (44,5 фоиз) аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, 35,1 млрд. сомонӣ (30,5 фоиз) маблағҳои шарикони рушд ва 28,9 млрд. сомонӣ (25 фоиз) маблағҳои бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст.

Намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ хонум Пратибҳа Меҳта ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Мунео Такасака ва дигарон вобаста ба лоиҳаи БМР 2021-2025 мубодилаи афкор ва таклифҳои судманд пешниҳод карда, ҷиҳати саҳм гузоштан дар маблағгузории лоиҳаи ин барнома изҳори омодагӣ намуданд.

Дар қадами навбатӣ лоиҳаи БМР 2021-2025 барои қабул гардидан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.      

 

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное