Дар ноҳияи Ҷайҳун комплекси агросаноатӣ кушода шуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

4 марти соли 2021 дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон комплекси агросаноатӣ ифтитоҳ гардид, ки дар маросими кушодашавии он Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон, муовини намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон, Кристофорос Политис ва дигар намояндагон аз ташкилотҳои хориҷии иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои самаранок бо шарикони рушд ва дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳо барои амалигардонӣ якҷо бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид роҳандозӣ гардиданд, ки комплекси агросаноатӣ аз ҷумлаи он лоиҳаҳо маҳсуб мегардад.

Ин комплекс иборат аз сардхона, хушккунии мева ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Ҳамзамон, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, мизи мудаввар баргузор гардид ки дар он аз ҷониби муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон дар мавзӯи татбиқи бомароми «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва самтҳои асосии татбиқи он суханрони шуд.

Тасмими гирифташуда бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, тавсеаи шуғли аҳолӣ, рушди савдои наздисарҳадӣ, амалишавии ҳадафҳои муайяншудаи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар ва Ҳадафҳои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное