Навиди Вазорат



Муаррифии Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

5 феврали соли 2021 бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва иштироки роҳбарияти вазорату идораҳо ҷаласа дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ки дар он Иттиҳоди Аврупо Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027-ро муаррифӣ намуд.

Завқизода З.А. қайд кард, ки бо шарофат ва иродаи олии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои стратегии кишварҳои мо ба сатҳи баланд баромада, самтҳои афзалиятнокро дар бар мегиранд.

Қайд гардид, ки Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 ба самти афзалиятнок 1) иқтисоди сабз ва фарогир, 2) рушди сармояи инсонӣ ва 3) идоракунии захираҳои табиӣ, самаранокӣ ва тобоварӣ равона мегардад.

Ҳамзамон Завқизода З. А. аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дархост кард, ки бо назардошти паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 ва таъсири он дар ҷаҳон, ба соҳаи иқтисоди миллӣ ҳаҷми маблағгузории барномаи мазкур назаррас зиёд карда шавад.

Инчунин пешниҳод гардид, ки афзалиятҳои стратегию барномавии Ҳукумати ҷумҳурӣ, маблағгузории буҷети давлатӣ ва рушди устувории иқтисодию иҷтимоӣ ба Барнома ворид карда шаванд.

Лоиҳаи Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 то охири моҳи феврали соли 2021 ба баррасии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел бо назардошти таклифҳои ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Қайд бояд кард, ки Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи қаблии худ барои солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон 251 миллион евро ҷудо намуда, инчунин бо назардошти паҳншавии пандемияи коронавирус иловатан 48 миллион евро маблағҳои грантиро ба соҳаҳои иҷтимоӣ ҷудо кард.

Дар анҷоми машварат ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои судманд изҳори омодагӣ намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное