Навиди Вазорат



Шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 январи соли 2021

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 январи соли 2021 чорабинӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарият, Раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода Машраб, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва Маркази миллии патенту иттилоот ширкат варзиданд.

 

Чорабиниро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ифтитоҳ карда, иброз намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар раҳнамои самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда мебошад ва оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Қайд гардид, ки тарве муҳтарам Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паём зикр намуданд, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз солҳои вазнин буд ва дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардид.

Ҳамин тариқ иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар шуд. Барои таъмини рушди иқтисодиёт афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 9,7 фоиз, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот 19,8 фоиз мусоидат намуд. Бахусус истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истехсоли ватанӣ заминаи мусоид гузошт.

Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҳифзи манфиати иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ вазифагузориҳо карда шудааст. Вобаста ба ин дар вазорат Нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, кормандони вазорат бо масъулияти баланд иҷрои сифатнок ва саривақтии онро таъмин менамоянд.

Сипас, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат дар самтҳои макроиқтисодӣ, савдо ва соҳаҳои иҷтимоӣ вобаста ба аҳамият ва нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ибрози андеша намуданд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное