Навиди Вазорат



Ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Хитой

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

8-декабри соли 2020 таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва муовини Вазири савдои Ҷумҳурии Халқии Хитой Юй Цзянхуа ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Завқизода З.А. қайд кард, ки бо шарофат ва иродаи олии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои стратегии кишварҳои мо ба сатҳи баланд баромада, самтҳои афзалиятнокро дар бар мегиранд.

Ҳамин тариқ Хитой сеюмин шарики тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сармоягузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас дорад. Дар соли 2019 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой 660,9 млн. долларро бо вазни хоси 14,6 % дар гардиши савдои хориҷӣ ташкил дод.

Бояд қайд кард, ки дар доираи Созишномаҳои техникӣ солҳои 2018-2019 аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой барои рушди инфросохтори иҷтимоию иқтисодии кишвар 1 млрд. 700 миллион юан маблағ ҷалб карда шудааст.

Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои тезонидани раванди татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ чораҳои зарурӣ меандешанд, аз ҷумла ҷониби хитоӣ мутахассисони дигари худро ҳарчи зудтар барои таъмини кори саривақтии сохтмони «Бинои нави Парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин таҷдиди роҳҳои дохили шаҳрии Бохтар ва Кӯлоб, қитъаи Кӯлоб-Мӯъминобод равона менамояд. Инчунин аҳамияти таҷдиди кори "Ширкати истихроҷи маъданҳои Тоҷикистону Хитой" ба миён гузошта шуд.

Ҷониби хитоӣ иттилоъ дод, ки аллакай зиёда аз 1000 мутахассисон барои таъмини корҳои лоиҳаҳои қайдгардида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шуда, фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, амиқгардонии шарикӣ, бахусус татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноатикунонии кишвар, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, рушди инфрасохтори логистикию содиротӣ, татбиқи иқтисоди рақамӣ, ташкили паркҳои технологӣ ва ғайра бо ҷалби сармояи Хитой дар Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба дар масъалаҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ изҳор намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласа Протокол ба имзо расонида шуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное