Навиди Вазорат



Ҷаласаи 15-уми Гурӯҳи корӣ оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) таҳти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

16 ноябри соли 2020 ҷаласаи 15-уми Гурӯҳи корӣ оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ тавассути видеоконфронс баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони кишварҳои аъзои СПЕКА, якқатор созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин коршиносон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Абдураҳмонзода А. С. дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи савдои байналмилалӣ, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бартараф намудани таъсири манфии бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар савдо, иштироки кишвар дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, соддагардонии расмиёти савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда роҳандозӣ гардидаанд муаррифӣ намуда, қайдкарданд, ки ҳанӯз имкониятҳои мавҷуда байни давлатҳои аъзои СПЕКА пурра истифода нашудаанд.

Қайдбояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир роҳбарии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дошта, дар доираи вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба Стратегияи минтақавии СПЕКА доир ба соддагардонии расмиёти савдо ва Харитаи роҳи дахлдор, ҳамкориҳо байни кишварҳои СПЕКА ҷиҳати бартараф намудани хавфҳои эҳтимолии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19, рушди минбаъда ва татбиқи принсипҳои савдои устувор дар зерминтақаҳо, инчунин таҳқиқот ва пешниҳодҳо вобаста ба монеаҳои ғайритарифӣ дар савдо дар ҳолати пандемияи коронавирус COVID-19 мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуданд.

Инчуниндар рафти ҷаласа масъалаҳои вобаста ба содагардонии расмиёти савдои наздисарҳадӣ ва савдои бекоғаз барои барқарорсозии соҳаи иқтисодиёт ва ҷалби сармояи хориҷӣ баррасӣ ва муҳокима карда шуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное