Навиди Вазорат



Ҳамоиши ҷавонони соҳаи рушди иқтисод ва савдо вобаста ба ҷонибдорӣ аз номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Санаи 9 окятбри соли 2020 Ҳамоиши ҷавонони соҳаи рушди иқтисод ва савдо вобаста ба ҷонибдорӣ аз номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон зери шиори «Интихоби мо Пешвои миллат» ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода А.С. ва Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳмонзода А.К. баргузор гардид.

Абдураҳмонзода А.С. сухани ифтитоҳиро оғоз карда, фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлол иброз намуда, қайд карданд, ки таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон дар самти давлатдорӣ, рушди саноат, инфрасохтор, маориф ва илм, инчунин тандурустӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст.

Қайд бояд кард, ки санаи 31 августи соли 2020 дар Анҷумани 14-уми ғайринавбатии худ Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамовозии амиқ номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.

Дар ҷараёни Ҳамоиш намояндагони ҷавонони вазорат дар бораи рушди иқтисоди миллӣ дар даврони истиқлол, ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, рушди илму инноватсия дар кишвар суханронӣ карданд. Дар натиҷаи Ҳамоиш ҳамаи иштирокчиён якдилона номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушди устувори Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное