Навиди Вазорат



Ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор шуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

1 октябри соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.

Вакилони Маҷлиси намояндагон баъд аз садо додани суруди миллӣ, интихоби котиботи иҷлосия, комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон ва тартиби инъикоси кори иҷлосия дар оғози он лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба вакилони мардумӣ муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин аз рӯи масъалаи рӯзнома-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2018-2019 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва вакили мардумӣ Ғиёсиддин Ашуров сухан гуфтанд. Зикр шуд, ки Созишномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани малака ва қобилияти муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин фароҳам овардани имконоти таълимӣ бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат ва ихтисосмандкунонии муҳоҷири меҳнатӣ ва оилаҳое, ки бо муҳоҷирати меҳнатӣ алоқаманданд, равона карда мешавад. Лоиҳа барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, аз ҷумла паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баробарии гендерӣ, шуғли пурмаҳсул, рушди иқтисодӣ ва паст кардани нобаробарӣ мусоидати зарурӣ хоҳад кард.

Масъалаи ниҳоии рӯзнома — нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро ба вакилони мардумӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода муаррифӣ намуда, изҳор карданд, ки ҳадаф аз ташкили минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»- ин таъмин намудани аҳолии минтақа ва ҷумҳурӣ бо кор, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, беҳтарсозии қобилияти харидорӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақа маҳсуб мешавад.

 

Khovar.tj

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное