Навиди Вазорат



Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон 29 сентябри соли 2020 баргузор гашт

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

29 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва таҳти модератории Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Шерализода Шараф баргузор гардид.

Завқизода З.А. қайд кард, ки тайи солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои гуногунҷонибаи байни ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромада, баргузории чунин чорабиниҳо, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд, ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар Форуми мазкур беш аз 300 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусии ду давлат иштирок намуданд. Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии ду ҷонибӣ соҳибкорони ду давлат дар сиғаи “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шуд.

Иштирокчиёни Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор менамоянд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное