Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал дар шакли видеоконфронс

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳон, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва чораҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти пешгирии таъсири хавфҳои дохилию берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, дурнамои рушди иқтисодиёт дар ояндаи миёнамуҳлат, инчунин ислоҳотҳои анҷомдодашуда ва нақшаҳои минбаъда гуфтушунид намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани паёмадҳои манфии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное