Навиди Вазорат



ПРЕСС – РЕЛИЗ: Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазоратдар нимсолаи якуми соли 2020

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 нишон медиҳад, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби вазорату идораҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ, маҷлиси васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2019, маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати кишвар, сафарҳои кории Роҳбари давлат ба вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ таъсири пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ эҳсос мегардад.

Ҳамин тариқ дар нимсолаи якуми соли 2020 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 32,4 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 банди фоизӣ кам аст.

Аз ҷумла хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз, аз ҷумла дар меҳмонхонаҳо 45,3 фоиз ва тарабхонаҳо 17,3 фоиз, мусофиркашонӣ 8,7 фоиз, аз ҷумла бо нақлиёти ҳавоӣ 57,8 фоиз ва роҳи оҳан 21,4 фоиз, гардиши савдо 5,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби манбаъҳои хориҷӣ 26 фоиз, воридот 4 фоиз ва боркашонӣ 3,3 фоиз,бахусус бо нақлиёти ҳавоӣ 38 фоиз дар ҳаҷми умумии тақрибан 2 млрд. сомонӣ коҳиш ёфтанд.

Ба ғайр аз ин нархи ҷаҳонии пахта ба санаи 27 июли соли ҷорӣ нисбат ба аввали сол 197 доллар ва алюминий 104 доллар паст шуданд, ки ин ба ҳаҷми содирот бетаъсир намемонад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми воридоти кишвар аз давлатҳои ҳамшарики асосии тиҷоратӣ ба монанди Ҷумҳурии Халқии Хитой 18,3 фоиз, Туркия 22,2 фоиз, Япония 43 фоиз, Украина 52,3 фоиз, Эрон 11,7 фоиз кам гардид,ки сохтори онро таҷҳизоти технологӣ, ашёи хом барои саноати коркард, мошинолот ва дигар маҳсулоти зарурӣ ташкил медиҳад.

Бо мақсади кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Аз ҷумла нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам намудани таъсири хавфҳои эҳтимолии пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ аз 19 марти соли 2020 тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.

Инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки барои дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорон, табақаҳои аҳолии осебпазир ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.

Тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби маблағҳо ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани таъсири иқтисодию иҷтимоии пандемияи коронавирус ба кишвар бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд гуфтушунидҳо гузаронида шуда, маблағҳои имтиёзнок ҷалб карда шуданд.

Аз ҷумла аз Хазинаи Байналмилалии Асъор 189,5 млн. доллар қарзи бефоиз, маблағҳои грантӣ аз Бонки Осиёи Рушд 50 млн. доллар, Бонки Ҷаҳонӣ 11,3 млн. доллар, Бонки Исломии Рушд 9,4 млн. доллар (дар доираи азнавтақсимкунии маблағҳои сарфашудаи лоиҳаҳои анҷомёфта) ва Ҳукумати Олмон 1 млн. евро ҷалб карда шуданд.

Айни замон гуфтушунидҳо ҷиҳати ҷалби маблағҳои грантию қарзӣ аз Бонки Осиёи Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди Авруосиёгии Рушд, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ идома доранд.

Сатҳи таваррум дар нимсолаи якуми соли 2020 4,3 фоизро ташкил намуд, ки аз ҳисоби 7,5 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ, 0,6 фоизӣ молҳои ғайриозуқа ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ ташаккул ёфтааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2020 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2158,7 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 фоиз ё 21,8 млн. доллар афзоиш ёфт, вале суръати рушди он 2,8 банди фоизӣ поён рафтааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2020 содироти молу маҳсулот 654,4 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83,8 млн. доллар ё 14,7 фоиз афзоиш ёфт. Воридоти мол ба кишвар ба 1,5 млрд. доллар баробар гардида, нисбат ба моҳҳои ҳамин давраи соли гузашта 62 млн. доллар ё 4 фоиз коҳиш ёфт.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 дар соҳаи саноат ҷиҳати иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, истеҳсоли маҳсулот, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ як силсила тадбирҳои дахлдор амалӣ гардиданд.Дар моҳҳои январ-июни соли 2020-ум 83 корхонаи нави саноатӣ бо 1135 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти оморӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 дар вилояти Суғд 34 корхона (407 ҷойи нави корӣ), вилояти Хатлон 21 корхона (143 ҷойи нави корӣ), шаҳри Душанбе 13 корхона (501 ҷойи нави корӣ), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 корхона (77 ҷойи нави корӣ) ва дар ВМКБ 2 корхона (7 ҷойи нави корӣ) ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намуданд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар нимсолаи якуми соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 13137,0 млн. сомонӣ баробар гардида, суръати рушди он 9,2 фоизро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 банди фоизӣ кам аст. Суръати афзоиш аз ҳисоби зиёдшавии саноати коркард (114,0 фоиз) ва таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво (104,0 фоиз) таъмин гардид.

Бо мақсади дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ бо маводҳои тиббӣ дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар кишвар ба 8,3 млн. дона расонида шуда, содироти он ба хориҷи кишвар 2,7 млн. донаро ташкил дод.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ 55 ҳазор дона либоси махсуси тиббӣ ва 369 ҳазор дона маҳлул барои беҳдошти шахсӣ (антисептик) истеҳсол карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ коҳишёбии ҳаҷми саноати истихроҷ 1,8 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастарасӣ коркарди дуюмдараҷа 16,9 фоиз мушоҳида гардид.

Дар ин давра коҳишёбии суръати истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноати истихроҷ асосан аз ҳисоби зерсоҳаи истихроҷи маъданҳои филизӣ (98,4 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта), истихроҷи ҳар гуна канданиҳои фоиданок (81,1 фоиз) ва истихроҷи нафти хом ва гази табиӣ (96,0 фоиз) ба назар мерасад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон корхонаҳои саноатии кишвар ба як қатор мушкилот, аз ҷумла дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ ва ашёи хом, таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ ва мутахассисони ботаҷриба, инчунин коҳишёбии нархи молу маҳсулоти содиротии кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ дучор гардиданд.

Дар ин росто аз 2216 корхонаи саноатии бақайдгирфташуда 124 корхона аз фаъолият бозмондаанд, ки аз онҳо 24 корхона дар саноати истихроҷ ва 100 корхона дар саноати коркард фаъолият менамуданд.

Истеҳсоли нерӯи барқ дар нимсолаи якуми соли 2020 дар кишвар 10243,2 млн. кВт. соатро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112,6 млн.кВт. соат ё 1,2 фоиз зиёд таъмин гардид.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ аз ҷониби барқистеҳсолкунандагони мустақили кишвар истеҳсоли нерӯи барқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, аз ҷумла ШСХК «Барқи Тоҷик» 98,9 фоиз, ҶСК НБО «Сангтӯда-1» 85,3 фоиз, ҶСК НБО «Сангтӯда-2» 101,4 фоиз, ҶСК «Помир-Энерҷӣ» – 98,7 фоиз, ҶСК «НБО Роғун» 2,8 маротиба зиёд ва НБО-ҳои хурд 97,5 фоиз таъмин гардид.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 9393,8 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз зиёд мебошад. Афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 8,5 ва 7,5 фоизро ташкил кард.

Тибқи маълумоти оморӣ (пешакӣ) майдони умумии кишти зироатҳо 857 ҳазор гектарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 фоиз зиёд мебошад.

Бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани замин (ба ҳолати 1.07.2020) дар майдони 61 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 ҳазор гектар зиёд аст.

Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти асосии кишоварзӣ афзуда бошанд ҳам, вале истеҳсоли картошка 22,2 (116,3 дар ҳамин давраи соли гузашта) коҳиш ёфт.

Дар ин давра дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2,1 ҳазор гектар боғ ва 389 гектар токзор бунёд гардидааст, ки бунёди боғ 86 фоиз ва токзор 86 фоизи дурнамои пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷумҳурӣ 96,4 ҳазор тонна бо арзиши 12,7 млн. доллар меваю сабзавот содирот шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 24,2 ҳазор тонна ва арзиши содиротии маҳсулоти кишоварзӣ 3,8 млн. доллар зиёд гардидааст.

Аз ҷумла содироти пиёз дар ин давра 77,6 ҳазор тонна бо арзиши 6,6 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,3 ҳазор тонна ё 3,1 млн. доллар афзоиш ёфтааст.

Содироти хушкмева дар давраи ҳисоботӣ 9,0 ҳазор тоннаро бо арзиши 3,6 млн. доллар ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 ҳазор тонна ва ифодаи арзиши он 1,1 млн. доллар зиёд гардид.

Дастгириҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба рушди соҳаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ заминаи устувор гузошт.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда шумораи корхонаҳои нави парандапарварӣ дар кишвар афзоиш ёфта, шумораи онҳо ба 182 адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 адад зиёд мебошад.

Омили мазкур барои бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин намудани аҳолӣ, зиёд шудани саршумор ва гӯшти паранда, инчунин истеҳсоли тухм дар кишвар мусоидат намуд.

Ҳамин тариқ дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли гӯшти паранда ба 13 ҳазор тонна ва тухм 444 млн. дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли гӯшти паранда 8,7 ҳазор тонна ё 2,2 маротиба ва тухм 136 млн. дона ё 1,4 маротиба зиёд мебошад.

Соҳаи моҳипарварӣ низ рушд ёфта, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 352 адад ва ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ ба 832 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 52 адад ва истеҳсоли моҳӣ 368 тонна ё 79 фоиз зиёд мебошад.

Маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда ба ҳолати 1 июли соли 2020 аз 66 адад (23 лоиҳаи грантӣ, 8 лоиҳаи қарзӣ ва 35 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 36,1 млрд. сомонӣ (3,5 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда 117,1 млн. доллар аз худ карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 93 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар аст.

Фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2020

Фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2020 ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд гардидаанд (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2020, №АП-1325),қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 февралисоли 2020, №64 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020» ва дигар қарору супоришҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии қабулшуда, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, таҳлили вазъи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, пешгирии таъсири омилҳои манфии беруна ва таъмини тамоюли мусбати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда буд.

Дар давраи ҳисоботӣ вазорат дар самтҳои таҳлил ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, танзими савдои хориҷӣ ва дохилӣ, мониторинги барномаҳо ва тақвияти минтақаҳо, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва фаъолияти МОИ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуд.

Аз ҷумла вазорат Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам намудани таъсири хавфҳои эҳтимолии пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллиро таҳия намуда, киаз 19 марти соли 2020 тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.

Инчунин таклифҳои худро ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод намуд.

Ҳамзамон вазорат таҳлили таъсири хавфҳои эҳтимолии паҳншавии пандемияи коронавируси ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллиро гузаронида, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар гузориши муфассал пешниҳод намуд.

Ба ғайр аз ин корбарӣ дар доираи Шӯрои миллии суботи молиявӣ идома ёфта, 24 январи соли 2020 ҷаласаи сеюми шӯрои мазкур гузаронида шуд ва аз натиҷаи он гузориш ба Ҳукумати кишвар пешниҳод гардид.

Вазорат ҷиҳати иҷрои супориши муҳтарам Ҷаноби Олӣ бо мақсади пешгирии таъсири омилҳои манфии берунӣ, аз ҷумла паёмадҳои пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ дар доираи ваколатҳои худ дархостҳои Ҳукумати кишварро ба шарикони рушд мунтазам пайгирӣ карда, вохӯриҳо гузаронид. Аз ҷумла 20 марти соли 2020 вохӯрӣ бо Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд баргузор карда намуда, дар доираи салоҳияташ ҷиҳати ҷалби маблағҳои грантӣ аз Иттиҳоди Аврупо 78 млн. евро (бо назардошти 30 млн. евро маблағи қарзи Бонки сармоягузории Аврупо) ва Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ 70 миллион доллар қарз гуфтушунид намуда истодааст.

Ҳамзамон Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ бо ҷониби Олмон барои бахшидани бақияи 17 млн.доллар қарз барои лоиҳаи «Иваз кардани таҷҳизоти тақсимкунии 220кВ дар НБО-и Норак»)корбарӣ дорад.

Илова бар ин вазорат Созишномаи грантии сеҷонибаро бо Бонки Олмонии Рушд барои сохтмони НБО «Себзор» ба маблағи 18,6 млн. евро ба имзо расонид, ки ин маблағҳои грантии Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Ҳамин тариқ вазорат ба ҳайси ҳамраиси комиссияҳои байниҳукуматӣ бо Олмон, Иттиҳоди Аврупо, Швейтсария ва дигар шарикони рушд дар маҷмӯъ 55,2 млн. доллар маблағҳои грантиро барои татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» ва инфрасохтори зарурии он ҷалб намуд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли як қатор масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Хитой вобаста ба паёмадҳои паҳншавии пандемияи коронавируси ҷаҳонӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ рӯзи 14 июли соли 2020 бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ вохӯрӣ дар шакли видеоконфронс баргузор карда шуд.

Зимни вохӯрӣ вобаста ба тезонидани корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи бунёди бинои нави Парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаи 3-юми лоиҳаи таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод ва корҳои омодагии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма, қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ дархост карда шуд.

Инчунин масъалаҳои ҷалби сармояи мустақим аз Хитой, афзоиш додани содироти меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба бозорҳои ин кишвар ва пешниҳоди сабукиҳо нисбати уҳдадориҳои қарзии Тоҷикистон вобаста ба паёмадҳои пандемияи коронавирус дар ҷаҳон аз ҷониби Хитой хуш пазируфта шуданд.

Тибқи иттилои ҷаноби Сафир, Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҷавоб ба дархости Ҳукумати Тоҷикистон 250 нафар мутахассисони хитоиро аввали моҳи августи соли ҷорӣ дар парвози якуми банақшагирифташудаи ҳавопаймо байни кишварҳо барои оғози корҳои сохтмонии лоиҳаҳои мазкур мефиристад. Барои равон кардани мутахассисони дигар лоиҳаҳо парвозҳои иловагии ҳавопаймо аз ҷониби Хитой ба нақша гирифта шудааст.

Вазорат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои Ҳукумати кишвар бармеоянд, як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Аз ҷумла лоиҳаҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи миёнамуҳлати иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мавриди таҳия қарор доранд, ки дар муҳлатҳои муайянгардида ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод мегарданд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҳлил ва арзёбӣ намудани ҷараёни татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар назди вазорат Гурӯҳи кории байниидоравӣ «Оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2020» таъсис дода шудааст, ки дар доираи он дар давраи ҳисоботӣ 10 барномаи соҳавию минтақавӣ баррасӣ гардида, аз натиҷаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришҳои муфассал бо дарҷи дастоварду мушкилиҳои ҷойдошта пешниҳод гардиданд.

Дар ин давра иловатан вобаста ба иҷрои 22 барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузориши муфассал бо назардошти мушкилоти ҷойдошта омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.

Бо назардошти муҳимияти низоми банақшагирии стратегӣ барои мукаммал сохтани ҷараёни таҳияи барномаҳои соҳавӣ ҷиҳати таъмини татбиқшавии сифатнок ва саривақтии ҳуҷҷатҳои барномавии мақомоти давлатӣ аз ҷониби вазорат ҳамчунин лоиҳаи Тартиби таҳияи барномаҳои соҳавӣ таҳия гардида, дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад.

Инчунин тибқи супориши муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати ҷорӣ намудани механизми наву муосири мутобиқ ба иқтисоди бозорӣ, маблағгузории соҳаи илм лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои маблағгузории заминавӣ, грантӣ, барномавӣ-мақсадноки фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ба ғайр аз ин вазорат таҳияи нақшаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президентӣ барои соли таҳсили 2021-2022-ро оғоз намудааст, ки дар онҳо таваҷҷуҳи бештар ба тайёр кардани мутахассисони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дода мешавад.

Ҳамзамон лоиҳаҳои Нақшаи қабул ба зинаҳои магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос (Phd) ва докторантура (анъанавӣ) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, пажӯҳишгоҳҳои академияҳои давлатии ҷумҳурӣ барои соли таҳсили 2020-2021-ро таҳия намуд, ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2020, №26/4-177 тасдиқ гардид.

Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои истеҳсолоти ватанӣ лоиҳаи Тартиби татбиқи чораҳои махсуси муҳофизатӣ, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ таҳия гардида, дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор дорад. Инчунин чораҳои пешгирикунанда оид ба манъ намудани содироти оҳанпора ва воридоти равғани нахл ба истиснои воридоти он барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ татбиқ шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ корҳо ҷиҳати татбиқи Равзанаи ягона оид ба амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзити молу маҳсулот барои аз шакли пилотӣ ба шакли пурра гузаштани он дар доираи нақшаи амал идома ёфта истодаанд.

Илова бар ин Портали савдои Тоҷикистон такмилу таҷдид шуда, бахши нав оид ба истеҳсолкунандагони ватанӣ, аз ҷумла рӯйхати корхонаҳои содироткунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроға, телефон ва почтаи электронӣ ҷойгир карда шуданд.

Ҳисоботи якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва баъди тасдиқи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пешниҳод гардид.

Бо мақсади иҷрои банди 1.9. Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №637 тасдиқ гардидааст, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №503 «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳисоботи мазкур дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 25 июни соли равон баргузор гардид, маъқул дониста шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ (зинаи дуюм) як қатор масъалаҳои рӯзмарраи соҳаҳои иқтисоди миллӣ мавриди муҳокима ва таҳлил қарор гирифта, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ маълумоту таклифҳои дахлдор манзур гардид.

Вазорат дар асоси муроҷиати ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН» вобаста ба иҷозат надодани воситаҳои нақлиёти боркаши ширкатҳои қайдгардида ба қаламрави кишварҳои Хорватия ва Италия нома ба Сафири ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Ҷозефсон ирсол намуда, ба содироткунандагони кишвар то моҳи декабри соли 2020 иҷозат барои бе мамониат ворид гардидани воситаҳои нақлиёти боркаш ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо дода шуд.

Дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 66 ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 29 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»21 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 11 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ва 5 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим»рост меояд. Аз шумораи умумии субъектҳои бақайдгирифташуда 20 субъект фаъолияти истеҳсолӣ ва содиротию воридотиро ба роҳ мондаанд.Субъектҳои дигар бошад ба корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани таҷҳизоти истеҳсолӣ машғул мебошанд.

Ҳаҷми сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар 6 моҳи соли 2020 ба 27,5 млн. сомонӣ баробар гардид, ки аз ин 17,1 млн. сомонӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»8,8 млн. сомонӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва 1,6 млн. сомонӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»рост меояд.

Дар ин давра дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ба маблағи 74,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.Дар 6 моҳи соли 2020 шумораи кормандон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба 918 нафар баробар гардид.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо 7855 адад мактуб, аз ҷумла 2100 адад аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5000 адад аз вазорату идораҳо (396 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ), 110 адад аз муассисаҳои зертобеъ, 195 адад аз кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, 105 адад мактуби махфӣ, 63 адад аризаву муроҷиати шаҳрвандон ва 282 адад тариқи факс аз мақомоти давлатӣ ворид гардиданд.

Бо назардошти талаботи мактубҳои воридшуда аз ҷониби вазорат 2437 адад мактуби ҷавобӣ (аз ҷумла 103 адад мактуби махфӣ) ва таклифу пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо ирсол карда шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 вазорат 38 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намуд, ки аз онҳо 12 лоиҳа қабул гардида, 12 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 14 лоиҳа дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.Ҷиҳати таъмини иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 57 фармоиши вазорат оид ба фаъолияти асосӣ, аз ҷумла 9 фармоиши назоратӣ таҳия гардид, ки рафти иҷрои онҳо таҳти назорати доимии роҳбарият қарор дорад.

Бо мақсади муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ва дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои стратегӣ ба ҷомеа дар сомонаи вазорат навсозии маълумот мунтазам амалӣ гардида, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба он 109 хабар, бахусус вобаста ба вохӯриҳо ва сафарҳои дохилию хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин 38 мулоқоти роҳбарияти вазорат бо намояндагони созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва дигар чорабиниҳои вазорат ҷойгир карда шудаанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 дар асоси фармоиши вазорат аз 10 марти соли 2020, №37 Ситоди дохилиидоравии вазорат оид ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ таъсис ёфта, дар ин давра 5 ҷаласа баргузор карда шуд.

Дар ҷаласаҳои ситод масъалаҳои ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгу будани тамоми утоқҳои корӣ, ташнобҳо, толори варзишӣ, нуқтаи тиббӣ, ошхона, захираи зарурии маводи безараргардонӣ, ниқоб, ҳароратсанҷак, маводҳои дигари ниёзи аввал, муваққатан манъ кардани чорабиниҳо (конференсияҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ), эълони таътили ғайринавбатӣ ба хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, тақвияти чораҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайраҳо мунтазам баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Рақам барои тамос: 221-62-08.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное