Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Мушовири Раёсати корҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Сафорати ҶХХ дар ҶТ Сун Ян дар шакли видеоконфронс

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 июли соли 2020 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Мушовири Раёсати корҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Ян дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла ҷалби мутахассисони хитоӣ барои таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои муштараки саноатӣ ва сохтмону азнавсозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва иҷтимоӣ, бахсус Ширкати куҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой воқеъ дар шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистони вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор гирифт.

Инчунин Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба соддагардонии тартиби интиқоли молҳо дар минтақаи наздисарҳадии Кулма тариқи ядаки нақлиёти боркаш ва ҷиҳати мусоидат намудан барои анҷом додани корҳои сохтмонии лоиҳаҳои «Кӯлоб- Ш. Шоҳин» ва «Шкев-Қалъаихумб» то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хоҳиш намуданд.

Ҷониби хитоӣ иттилоъ дод, ки моҳи августи соли ҷорӣ 250 нафар мутахассисони хитоӣ, аз он ҷумла 150 нафар барои сохтмони "Бинои нави Парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва роҳҳои дохилишаҳрии Бохтар ва Кӯлоб, қитъаи Кӯлоб-Мӯъминобод ва дигар лоиҳаҳои соҳаҳои гуногун 100 нафар мутахассис ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.

Ҷониби Хитой вобаста ба пешниҳодҳои манзуршуда омодагии худро барои ҳамкорӣ ва расонидани кумаки техникӣ изҳор кард.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное