Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Дастгирии иқдомҳои Тоҷикистон ҷиҳати рушди савдо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзҳои 7-12 феврали соли 2014 дар шаҳри Женева иҷлосияи 6-уми солонаи Кумитаи савдои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Ш.Раҳимзода ширкат варзиданд. Дар доираи иҷлосияи мазкур рӯзи 7 феврал дар Женева "Вохӯрӣ оид ба дастгирии икдомҳои Тоҷикистон ҷиҳати рушди савдо" доир гардид.

Чорабинии мазкурро бо суханони муқаддимавӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Ш.Раҳимзода ва аз ҷониби Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Котиби иҷроия Свен Алкалай ва сардори Кумитаи савдои ин созмон Вирчиния Крем-Мартос ифтитоҳ намуданд. Сипас, дар рафти он лоиҳаи "Баҳодиҳӣ оид ба баҳодиҳии эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар соҳаи савдо" таҳти муҳокима қарор гирифт. Мавриди тазаккур аст, ки дар анҷоми чорабинӣ лоиҳаи охирини "Баҳодиҳии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо оид ба эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар соҳаи савдо" омода гардида, интишори он дар нимаи дуюми соли 2014 ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, рӯзи 10 феврал як банди рӯзномаи иҷлосияи 6-уми солонаи Кумитаи савдои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо пурра ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Ҳайати кишвар дар он оид ба иқдомҳои ҷумҳурӣ дар самти содагардонии савдо ва дастоварду душвориҳо дар ин ҷода баромад намуда, натиҷаҳои "Баҳодиҳии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо оид ба эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар соҳаи савдо" аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ ва донорҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар анҷоми чорабинии мазкур бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Раҳимзода ва роҳбарияти Кумитаи савдои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо конфронси матбуотӣ баргузор гардид. Боиси зикр аст, ки дар ҷараёни иҷлосияи 6-уми солонаи Кумитаи савдои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо ҳамчунин масъалаҳои имконияти ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя дар минтақаи Осиёи Марказӣ, таҳлили ҳамаҷонибаи монеъаҳои меъёрӣ ва расмиётӣ дар соҳаи савдо ва тақвияти шарикии минтақавӣ аз ҷониби намояндагони якчанд давлатҳо баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин, Комиссияи иқтисодии СММ мақсад дорад дар оянда низ натиҷаҳои тадқиқоти гузаронидаро пайгирӣ намуда, ҳамзамон, ташаббусҳоро ҷиҳати таҳияи пешниҳодоти нави лоиҳавӣ тавассути Лоиҳаи рушди Палатаи ҳисоби СММ дастгирӣ намояд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное