Навиди Вазорат



Китобдорӣ ва китобхонӣ мароми мост

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ медиҳад, ки пиромуни иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ташвиқу тарғиби китобхонӣ дар ҷомеа баён доштанд, китобхонаи дуюми вазорат бо китобҳои навин пур карда шуд.

Китобхона бо тамоми тартиб ва талаботи китобдорӣ таъсис ёфта, дар он зиёда аз 1200 китобҳои тозанашр, аз ҷумла китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои бадеӣ, силсилакитобҳои шоирони тоҷику форс "Гулшани адаб", адабиёти ҷаҳон ва адабиёти соҳавӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷамъоварӣ гардида, истифодаи онҳо дар шакли электронӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Инчунин китобхона ба Маъхази маълумотӣ ва ҷустуҷуии "Ирбис" пайваст карда шудааст, ки дар он номгӯи зиёда аз 200 ҳазор китоб ҷамъоварӣ гаштааст.

Кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо роҳнамоии зерини Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор додаанд:

«Миллати мо аз қадим мардуми китобдору китобхон буд ва ин анъанаро ҳифз карда, бояд идома диҳем. Бидонед, ки китобхониву китобдӯстӣ инсонро ба қуллаи мурод мерасонад».

 

Аксҳо

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное