Иштирок дар фестивали “Атлас ва адраси тоҷик-2020” дар Қасри Арбоб

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб дар фестивали “Атлас ва адраси тоҷик-2020”, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар саҳни Қасри Арбоб пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи духтарони тоҷик бо либосҳои хуштарҳу зебо бо самимияти афзун истиқбол гирифтанд.

Барномаи фестивали вилоятии “Атлас ва адраси тоҷик-2020” бо намоиши маҳсули дасти ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид.

Дар намоишгоҳ, ки басо ҷолибу назаррабо оро ёфта буд, намунаҳои зиёди ҳунарҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас, сӯзанӣ, гулдӯзӣ, матои дастбоф, либосҳои миллӣ, читгарию суфгарӣ, қолинҳои дастбоф, ҷомаю тоқидӯзӣ, наққошӣ, кундалсозӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳангарӣ ва ғайра ҳунари волою тахайюли бою рангин ва маҳорати хосаи ҳунармандони вилояти Суғдро ифода менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҳунармандон, маҳсули дасти эъҷозофар ва маҳорати хосаашон баҳои баланд дода, онҳоро ба эҳёву рушди боз ҳам бештари анъанаҳои миллӣ, тарғибу муаррифии ҳунарҳои миллӣ ва тарбияи шогирдони сазовор дар ҳунармандӣ ҳидоят намуданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар вилоят беш аз 17 ҳазор нафар ҳунармандон дар офаридани маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ фаъолият доранд. Маҳсули ҳунарҳои миллӣ дар намоишгоҳҳои минтақавию байналмиллалӣ дар давлатҳои хориҷӣ соҳиби ҷоизаҳо гардида, баҳои баланд гирифтаанд. Дар арсаи олам ин боигарию дастовардҳои миллӣ муаррифӣ мешаванд, таваҷҷуҳи тоҷирону сайёҳони хориҷиро ҳарчи бештар ҷалб менамояд.

Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба эҳёву рушди ҳунарҳои миллӣ мусоидат менамоянд.

Бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матоҳои миллии адрасу чакан ҳамчун як ҷузъи фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ба феҳрасти фарҳанги моддии ЮНЕСКО пешниҳод гардидаанд.

Дар вилояти Суғд шуғли таърихию анъанавӣ-атласу адрасбофӣ низ рушд меёбанд. Пешниҳоди навҳои зиёди атласу адрас дар рангу тобиш ва ҷилои хоса дар барномаи фестивали “Атлас ва адраси тоҷик-2020” шаҳодати ин мебошад.

Дар толори пурнақшу нигори Қасри Арбоб ҳунармандон, тарроҳону дӯзандагон барномаи мукаммали рангинеро бо муаррифии дастовардҳои атласу адрасбофӣ ва либосҳои миллию замонавӣ аз ин матоҳои тоҷикӣ пешниҳод намуданд. Дар ин маҳфили зебои муаррифии атласу адраси тоҷик ҳунармандон либосҳои миллӣ ва мӯдҳои муосирро дар тарҳу дӯхти гуногуну хеле ҷолиб пешкаши ҳозирин намуданд.

Фестивал-озмуни “Атлас ва адраси тоҷик-2020” дар бахшҳои гуногун бо пешниҳоди либосҳои бонувону духтарон, писарона ва кӯдакона аз матоҳои атласу адраси абрешимию пахтагин баргузор карда шуд.

 Маврид ба ёдоварист, ки дар вилояти Суғд баҳри эҳёву рушди ҳунарҳои миллӣ ва дар доираи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” марказҳои таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ таъсис ёфта, дар онҳо ҳунармандон ба истеҳсоли атласу адраси дастбоф машғуланд ва аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ дар ҳар як шаҳру деҳа шоигрдон тайёр менамоянд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар дохили кишвар коркард карда шудани ашёи хоми пилла ба таъмини абрешим дар атласбофӣ ва бо афзун гардидани коркарди нахи пахта дар дохили кишвар ба таъмини ресмони пахтагин барои адрасбофӣ мусоидат менамоянд.

Ҳайати ҳакамон-ҳунармандон, мутахасисон, олимону эҷодкорон ба либосҳои атласу адрас аз нигоҳи санъату маҳорати дӯзандагӣ, тарҳи хоса, зебоӣ, тобишу обу ранг, ороишот ба рангу ҷило ва дигар хусусиятҳои хос баҳогузорӣ намуданд ва ғолибон муайян гардиданд.

Ба ғолибон ва иштирокчиёни муваффақу беҳтарин барои дӯхтану пешниҳоди либосҳои миллию замонавӣ аз матоҳои рангину пурҷилои атласу адраси тоҷик ҷоизаҳо муайян карда шуда буд, ки онҳоро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғолибонро бо комёбиашон табрику муборакбод намуда, бо итминон иброз доштанд, ки ояндаи наздик мо тавассути ин ҳунармандон ба рушди соҳа, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти хушсифати атласу адрас ноил мегардем.

Президенти мамлакат ба барномаи ҳунарӣ ва сару либоси тамошобинон, ки толорро бо ҳузурашон рангину гулистон карда буданд, баҳои баланд доданд.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки ҳадаф аз баргузории намоиши атласу адрас дар вилояти Суғд, ки ин навъи санъат дар ин ҷо бештар рушд кардааст, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав гузаронида шуд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиён - тарроҳони ватанӣ барои пешниҳоди барномаи рангин изҳори сипос намуданд ва таъкид карданд, ки ҳадафи ҳукумати мамлакат аз таъсиси корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ пеш аз ҳама бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани бонувони хонашин ва эҳёи ҳунарҳои миллию муаррифии он ба ҷаҳониён мебошад.

http://www.president.tj/ru/node/22747

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное