Пресс-релиз оид ба таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ ва муътадилии нархҳо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҷавоб ба муроҷиати шаҳрвандон эҳтиромона маълумот медиҳад, ки овозаҳо вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, бахусус орд ва болоравии нархҳо асос надоранд.

 

Масъалаи таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ ва муътадилии нархҳо зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва вазорату идораҳои масъул дар ин самт мунтазам чораҷӯӣ доранд.

Мувофиқи омори расмӣ маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавотҳо дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд.

Дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли ғалла дар дохили кишвар 1,4 млн. тонна, аз ҷумла гандум 836,2 ҳазор тонна ва воридоти он 1,1 млн. тоннаро ташкил дод. Истеҳсоли орд (бо назардошти коркарди гандуми воридотӣ) тибқи ҳисобҳо тахминан ба 1,5 млн тонна баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018 132 ҳазор тонна зиёд аст.

Ҳаҷми истеҳсол ва воридоти равғани растанӣ дар соли 2019 то 120 ҳазор тонна ё нисбат ба соли 2018 28 ҳазор тонна зиёд шуд.

Дар соли 2019 истеҳсол ва воридоти гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 168,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 11 ҳазор тонна зиёд ва тухм ба 766 млн. дона баробар гардид (аз ҷумла 726 млн дона истеҳсоли дохилӣ ва 40 млн дона воридот), ки нисбат ба соли 2018 281 млн. дона афзоиш ёфтааст.

Овозаҳо оид ба манъи воридот асос надоранд. Зеро ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 106,3 фоиз, аз ҷумла дар моҳи январи соли 2020 нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 120 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон қайд менамоем, ки ҳиссаи воридоти маҳсулоти хӯрока дар ҳаҷми умумии воридот аз Хитой ночиз, яъне ҳамагӣ 0,3 фоиз аст, чунки маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла гандум ва орд асосан аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид мегардад.

Дар маҷмӯъ барои таъмини эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ дар Тоҷикистон захираву иқтидорҳои зарурии истеҳсол ва нигоҳдории молу маҳсулот мавҷуд буда, овозаҳо асос надоранд.

Дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ реҷаи муқаррарии корӣ давом дорад ва шаҳрвандон метавонанд ҳамарӯза эҳтиёҷоти истеъмолии худро қонеъ намоянд.

Бинобар ин вазорат аз ҳамватанони азиз эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба овозаҳои беасос ва ҳангомаҳои баъзе тоҷирони манфиатдор вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти асосӣ бовар накарда, ба эҳсосот дода нашаванд ва аз эҳтиёҷоти истеъмолии худ барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрокворӣ худдорӣ намоянд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное