Навиди Вазорат



Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

18 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Вазир, муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода ҷаласаи Ҳайати мушовараи вазорат "Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нуҳ моҳи соли 2019 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ" баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо, Завқизода Завқӣ Амин маълумоти муфассал дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нуҳ моҳи соли 2019 дар шакли рӯнамо пешкаш карда шуд.

Сипас аз ҷониби Раисикунанда фаъолияти роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои тобеъ вобаста ба самти фаъолияташон мавриди арзёбии амиқ қарор гирифта, барои кори минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное