Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 51


Баррасии ҳамкориҳо бо Бонки рушди Авруосиё

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода бо Роҳбари Намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон, Рашид Қодиров мулоқот анҷом дод.

Дар оғози дидор Шариф Раҳимзода Рашид Қодировро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми Роҳбари Намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон табрику таҳният намуда, изҳори боварӣ намуд, ки аз ин баъд ҳамкории бонки мазкур бо вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон сатҳу сифати навро касб хоҳад кард.

Ба ҳайси роҳбари ташкилоти мазкур дар Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ изҳор медорам, афзуд дар навбати худ, Р.Қодиров.

Иқтисод ва тиҷорат, энергетика ва саноат, инфрасохтор, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз мавзуоте буданд, ки ҷонибҳо дар аснои мулоқот мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ самтҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодии барои тарафайн судманд мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное