Навиди Вазорат



Сафари корӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 5 октябри соли 2019 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои супоришҳое, ки аз Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 бармеоянд, ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи мазкур аз иншоотҳои сохташуда ва идомаёбанда дар ҷамоатҳои деҳоти Меҳвар, Намуна, Озодагон, Сайфиддинов Кабут, Нури Ваҳдат ва шаҳраки Панҷ, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Панҷ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, дидан карда шуд. Ҳамчунин бо роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони ҷамоатҳо, ташкилотҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон мулоқот анҷом дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии Нақшаи чорабиниҳои болозикр ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар идомаи сафар Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар маросими ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла як майдончаи варзишӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19, марказҳои хизматрасонӣ ва савдо дар ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат иштирок намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное