Навиди Вазорат



Нишасти матбуотӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

2 августи соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729, «Дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2019, нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2019 баргузор гардид.

Дар оғози нишасти матбуотӣ, ки бо теъдоди зиёди намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар сурат гирифт, аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода роҷеъ ба фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 гузориши мухтасар пешниҳод гардид. Инчунин дар нишасти матбуотии мазкур муовинони вазир, роҳбарони воҳидҳои сохтории вазорат ва муассисаҳои тобеъ ширкат варзиданд.

Сипас, дар рафти нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарият ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар посухҳои мушаххас гардонида шуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное