Навиди Вазорат



Ба Директори кулли СУС Роберто Азеведо тасдиқномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эътирофи Протоколи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи Мароккаш оид ба таъсиси Созмони Умумиҷаҳонии Савдо тақдим гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Рӯзи 2 июли соли 2019 дар мулоқот бо Директори кулли Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ҷаноби Роберто Азеведо Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои ҳамгироӣ ба савдои байналмилалӣ ва соддагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла дар доираи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо муаррифӣ намуда, корҳои иҷрошударо вобаста ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани якумин тафсири сиёсати савдои кишвар дар назди СУС қайд намуд.

Зикр гардид, ки дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС моҳи апрели соли 2020 ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати дар сатҳи назаррас гузаронидани чорабинии қайдгардида нақшаи корӣ тасдиқ гардидааст.

Дар вохӯрӣ Роберто Азеведо ба дастовардҳо ва пешравиҳои ноилгардидаи соҳаи савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи узвият дар СУС баҳои баланд дод.

Дар охири мулоқот аз ҷониби Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо ба Директори кулли созмон тасдиқномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эътирофи Протоколи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи Мароккаш оид ба таъсиси Созмони Умумиҷаҳонии Савдо тақдим гардид.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное