Навиди Вазорат



Дар ҷаласаи 7 – уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Барномаи нави 7 – сола барои маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёти кишвар дастгирӣ ёфт

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Бо мақсади густариши ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо рӯзҳои 6-7 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 7-уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва ҷаласаи 2 – юми Зеркумитаи ҳамкорӣ баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Завқизода Завқӣ Амин – муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро дар Кумитаи ҳамкорӣ Лук Девин - Директор оид ба Россия ва Осиёи Марказии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо ва дар Зеркумитаи ҳамкорӣ Рафаелла Иодиче - Роҳбари шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд оид ба Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷануби ва Шарқи наздики Комиссияи Иттиҳоди Аврупо роҳбарӣ намуданд.

Дар ҷаласаҳои номбурда мавзӯъҳо вобаста ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо, рушди макроиқтисодӣ ва соҳаҳо дар Тоҷикистон бо назардошти ҳамгироии минтақавӣ, муносибатҳои тиҷоратӣ, энергетика ва об, сиёсати хориҷӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷаласаҳои мазкур дар фазои дӯстона ва натиҷабахш анҷом ёфта, дар он самтҳои асосии ҳамкориҳои минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мушаххас гардиданд.

Аз ҷумла ҷонибҳо лоиҳаи Барномаи нави бисёрсолаи индикативӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2021-2027-ро барои маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриамон дастгирӣ намуданд.

Инчунин аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ҷудо намудани 20 млн. евро барои татбиқи бунёди НБО «Себзор» бо мақсади рушди устувори ноҳия ва деҳот, энергияи сабз, паст намудани сатҳи камбизоатии сокинони ноҳияи дурдаст тасдиқ гардид.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное