Навиди иқтисодӣ



Баҳодиҳии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Оид ба коҳишёбии рушди савдо дар ҷаҳон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) дурнамои рушди гардиши савдои ҷаҳониро дар соли 2019 таҷдиди назар намуда, суръати онро ду маротиба коҳиш дод.

 

СУС рушди гардиши савдои ҷаҳониро дар соли 2019-ум 1,2 фоиз ва дар соли 2020-ум 2,7 фоиз баҳодиҳӣ менамояд, ки нисбат ба дурнамои қаблӣ мутаносибан 1,4 ва 0,3 банди фоизӣ кам аст.

Ҳамзамон созмони мазкур дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳонро дар соли ҷорӣ 2,3 фоиз пешбинӣ кардааст.

Тибқи маълумоти СУС низоъҳои тиҷоратӣ ба гардиши савдои ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонида, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ рушди содирот ва воридоти маҳсулот дар тамоми минтақа коҳиш ёфтааст.

Низоъҳои тиҷоратӣ байни ИМА ва Хитой аз соли 2018 то инҷониб идома доранд. Натиҷа надодани гуфтушунидҳо ба шиддат гирифтани низоъҳои тиҷоратии байни ду кишвар оварда расонид. Гуфтушунидҳои навбатӣ оид ба низоъҳои тиҷоратӣ 10-11 октябри соли ҷорӣ баргузор мегарданд.

https://ria.ru/20191001/1559313370.html

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное