Все статьи

20 Сентябр 2018

Оғози бунёди нӯҳ корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе

 

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд.

Читать далее

Ифтитоҳи Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ”

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” - ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.

Читать далее

Мулоқот бо прокуророни генералии давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.

Читать далее

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ– 2018

 

Рӯзи 20 сентябри соли 2018 Форуми иқтисодии сатҳи баланди Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) – 2018 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иштирок намуд.

Читать далее

19 Сентябр 2018

Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия

Рӯзи 19 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир - Неъматулло Ҳикматуллозода бо муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия - Талибов Азер Муталим оглӣ баргузор гардид.

Читать далее

Ҷаласаи вазирони масъули фаъолияти иқтисодӣ ва савдои хориҷии давлатҳои аъзои созмони ҳамкории Шанхай.

19 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 17-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисодӣ ва савдои хориҷии давлатҳои аъзои созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Читать далее

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 12-уми Гурӯҳи кори Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ оид ба савдо

Рӯзи 19 сентябри соли 2018 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 12-уми Гурӯҳи корӣ оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) бо роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо иштироки намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ баргузор гардид.

Читать далее

18 Сентябр 2018

Ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ

 

 

 

 

 

Бо мақсади рушди ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой 18 сентбри соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.

Читать далее

17 Сентябр 2018

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

15 сентябри соли 2018 дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилоят мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Читать далее

Ифтитоҳи бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ

Субҳи рӯзи 14-уми сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вазъияти тантанавӣ бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро ифтитоҳ намуданд.

Читать далее