Навиди Вазорат



Ҷаласаи вазирони масъули фаъолияти иқтисодӣ ва савдои хориҷии давлатҳои аъзои созмони ҳамкории Шанхай.

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

19 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 17-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисодӣ ва савдои хориҷии давлатҳои аъзои созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳайатҳо аз Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Покистон,Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аз котиботи СҲШ иштирок намуданд. Ҷаласаро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Хикматуллозода раисӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо як қатор масъалаҳои марбут ба рушд ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавии иқтисоди, аз ҷумла мубодилаи афкор оид ба дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар минтақаи СҲШ, ҳамкориҳо дар соҳаи савдо, савдои электронӣ ва хизматрасонӣ, арзёбии Барномаи бисёрҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии давлатҳои аъзои СҲШ ва тайёри ба ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ, ки 11-12 октябри соли 2018 дар ш. Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ намуданд.

Дар интиҳои ҷаласаи вазирони масъули фаъолияти иқтисодӣ ва савдои хориҷии давлатҳои аъзои созмони ҳамкории Шанхай протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд.  

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное