Все статьи
09 Ноябр 2018
Ифтитоҳи бинои маъмурии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави маъмурии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Читать далее08 Ноябр 2018
Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
- Подробности статьи
Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд.
Читать далее06 Ноябр 2018
Боздид аз Кооперативи истеҳсолӣ - тиҷоратии “Раҳмон Футур” дар ноҳияи Данғара
- Подробности статьи
Дар деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолияти намунавии Кооперативи тиҷоратӣ - истеҳсолии Раҳмон Футур шинос шуданд.
Читать далееИфтитоҳи Корхонаи муштараки “Муосир” дар ноҳияи Данғара
- Подробности статьи
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки “Муосир” оғози расмӣ бахшиданд.
Читать далееОғози фаъолияти навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс”
- Подробности статьи
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд.
Читать далееСуханронӣ дар маросими ифтитоҳи марҳалаи дуюми Маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил»
- Подробности статьи
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шумо ва сокинони сарбаланду заҳматпешаи ноҳияи Данғараро ба муносибати оғози фаъолияти марҳалаи дуюми Маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара»-корхонаи муосири ресандагӣ ва оғози сохтмони корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, шумо ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик менамоям.
Читать далееБа истифода додани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии ҶСП “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”
- Подробности статьи
5 ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” иштирок намуданд.
Читать далееИфтитоҳи Коллеҷи тиббӣ дар ноҳияи Данғара
- Подробности статьи
Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.
Читать далееОғози сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон
- Подробности статьи
5 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Читать далее05 Ноябр 2018
Коҳишёбии воридоти нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой дар моҳи сентябри соли 2018
- Подробности статьи
Тибқи маълумоти Агентии «Reuters» воридоти нафт аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой дар моҳи сентябр бо ҳисоби солона 34,0 фоиз коҳиш ёфта, 2,1 млн. тонна ё 518,3 ҳазор баррелро дар як шабонарӯз ташкил дод, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 млн. тонна кам мебошад.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ воридоти нафт аз Эрон ба Хитой 24,5 млн. тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 фоиз зиёд мебошад.
Бо вуҷуди ин воридоти нафт аз Арабистони Саудӣ ба Хитой дар моҳи сентябр 12,0 фоиз коҳиш ёфта, 3,8 млн. тонна ё 919,8 ҳазор баррелро дар як шабонарӯз ташкил дод.
Читать далее