Навиди Вазорат



Ифтитоҳи бинои маъмурии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави маъмурии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои мазкур иборат аз 9 ошёна ва таҳхона буда, бо муосиртарин шароити корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2016 оғоз ёфта, дар зарфи ду сол он бо назардошти талаботи муосири меъморӣ ва стандартҳои ҷории сохтмонӣ бунёд гардид.

Бинои нави маъмурӣ дорои 118 утоқи корӣ буда,бо дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин гардидааст. Ҳамчунин барои баланд бардоштани малакаи ҳайати шахсӣ дар таҳхонаи он 4 синфхонаи машғулиятҳои хизматӣ омода гардида, бо компютер, тахтаҳои электронӣ ва дигар дастгоҳҳои муосири соҳавӣ таъмин мебошад. Ба иттилои масъулин дар ин бино 4 раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд кору фаъолият менамоянд. Ҳамчунин барои гузаронидани ҷаласаву ҷамъомадҳо иншооти мазкур бо толори маҷлисӣ, ки дорои 100 ҷои нашаст аст, таъмин буда, дар ошёнаи 9-ум толори хурди конфронсӣ бо тамоми шароити муосири корӣ сохта ба истифода дода шуд.

Бинои маъмурӣ ҳамчунин дорои меҳмонхона буда, барои меҳмонон 4 утоқ бо шароити зарурии зисту зиндагонӣ омодаву мавриди истифода қарор гирифтааст.

Намои берунаи иншоот мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрсозӣ буда, бо санъати баланди меъморӣ сохта ба истифода дода шуд. Гирду атрофи бино бо гулҳои ороишӣ, дарахтони сояафкан оро ёфта, роҳравҳои гирду атрофи иншоот ба пуррагӣ бо тахтасангҳо оро дода шудааст. Бино бо системаи муосири назоратӣ таъмин буда, ҳудуди иншооти мазкур ба пуррагӣ бо камераҳои мушоҳидавӣ таъмин мебошад.

Бояд тазакур дод, ки давоми чанд соли охир дар саросари кишвар ҷиҳати беҳтар намудани шароити корӣ, зисту зиндагонӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии хизматчиёни сохторҳои қудратӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла ифтитоҳи ин бино намунаест аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат нисбат ба фаъолияти кормандони сохтори мазкур.

Сарвари давлат бо шароит ва утоқҳои кории бинои маъмурӣ шинос шуда, кормандонро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан даъват намуданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор кормандони вазорат рутбаҳои махсуси навбатиро супориданд.

Аз ҷумла бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Солиев Карим Ҳоҷиевич рутбаи навбатии "генерал - майори милитсия" супорида шуд.

Ҳамчунин дар мувофиқа бо Роҳбари давлат Султонзода Садриддинхон Исмоил бо рутбаи навбатии "полковники хизмати дохилӣ", Назарзода Икромҷон Ҳурматулло, Мӯсозода Муҳаммадалӣ Абдусаттор, Амирализода Сулаймон ва Сулаймонзода Ғуломалӣ Нуралӣ бо рутбаи навбатии "полковники милитсия" сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе нақлиёти замонавии хизматӣ тақдим карда шуд. Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ дар навбати худ барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ нисбат ба фаъолияти мақомот ба роҳбарияти пойтахт миннатдории худро иброз намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное