Все статьи

27 Июл 2019

Таҳримҳои нави омоданамудаи Ҷумҳурии Украина нисбат ба иқтисодиёти Федератсияи Россия

Тибқи маълумоти сомонаи Вазорат оид ба корҳои минтақаҳои муваққатан ишғолшуда ва шахсони дар ин минтақа ҷойгирбуда Ҳукумати Украина ҷорӣ намудани таҳримҳои навро нисбат ба Федератсияи Россия пешбинӣ намудааст.

Читать далее

Қарзи умумии Ҷумҳурии Халқии Хитой аз 300 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд шуд

Рӯзномаи «South China Morning Post» дар такя ба маълумоти Донишгоҳи байналмилалии молия иттилоъ медиҳад, ки сарбории қарзҳои умумии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар семоҳаи якум назаррас афзоиш ёфтааст.

Читать далее

Ҷавоби Иттиҳоди Аврупо ба изҳороти Президенти ИМА

Комиссари Аврупо оид ба савдо изҳор намуд, ки Иттиҳоди Аврупо боҷҳои ҷавобиро ба молҳои аз ИМА воридшаванда ба маблағи 35 млрд. евро (39,1 млрд. доллар) дар мавриди амалӣ гардидани ваъдаи Президенти ИМА оид ба ҷорӣ намудани тарофаҳо ба воридоти автомошинаҳо, омода намуд.

Читать далее

Хитой батаҳримҳои ҷоринамудаи ИМА ба ширкатҳои хитоӣ мухолиф баромад

Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» Агентии «Reuters» иттилоъ медиҳад, ки Котиби давлатии ИМА 22 июл оид ба ҷорӣ намудани таҳримҳо нисбат ба ширкати «Zhuhai Zhenrong Co Ltd»-и Хитой бо назардошти иштироки огоҳонаи ширкат дар як созишномаи калон оид ба харид ё ба даст овардани нафт аз Эрон эълон намуд.

Читать далее

Cафари корӣ ба ноҳияи Панҷ

 

Санаи 27 июли соли 2019 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷро ва татбиқи супоришҳое, ки аз Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 бармеоянд, ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.

Читать далее

26 Июл 2019

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон

Нимаи дуюми рӯзи 26 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф оварданд.

Читать далее

19 Июл 2019

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода ва бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Солеҳзода Ашурбой, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.

Читать далее

16 Июл 2019

Мулоқоти Вазир бо ноиби Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA)

 

16 июли соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо ноиби Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA) ҷаноби Пак Джешин баргузор гардид.

Читать далее

13 Июл 2019

Сафари кории Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ноҳияи Панҷ

 

Санаи 13 июли соли 2019 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастии нимсолаи аввали соли 2019 дар ноҳия Панҷи вилояти Хатлон иштирок намуданд. Ҷаласаи мазкур бо иштироки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти марбута, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолон баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби роҳбарияти мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ҳисоботи ҷамъбастии вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар шаш моҳи соли 2019 шунида шуд.

Читать далее

Маълумоти мухтасари Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба рӯйдодҳои иқтисодии ҷаҳон дар ҳафтаи сипаригардида (аз 8 июл то 12 июли соли 2019)

Шикояти ИМА ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо

Тибқи маълумоти «Вести Экономика» Ҳукумати Амрико ба СУС оид ба ҷорӣ намудани боҷҳои ҷавобии Ҷумҳурии Ҳиндустон ба пӯлод ва алюминий дар ҷавоб ба боҷҳои ИМА дар соли 2018 қабулдшуда шикоят равон кард. 

Читать далее