Все статьи
19 Март 2022
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
- Подробности статьи
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику таҳният мегӯям.
Сидқан орзумандам, ки баҳор ва ҷашни фархундаи Наврӯз имсолу солҳои дигар ба кишвари биҳиштосои мо шодиву нишот, кушоишу дастовардҳои нав ва баракату фаровонӣ оварад.
Читать далее18 Март 2022
Иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
- Подробности статьи
18 марти соли 2022 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи 93-юми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин (Роҳбари ҳайат), Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ва Мудири бахши ИДМ-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифӣ Абдулазиз иштирок намуданд.
Читать далееМулоқот бо Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон Филиппо Грандӣ
- Подробности статьи
17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон Филиппо Грандиро ба ҳузур пазируфтанд.
Читать далее17 Март 2022
Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи ҷашни миллӣ - Иди Наврӯз ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ дастрас намуд.
- Подробности статьи
Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати эҳсонкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – Иди Наврӯз ва баҳор аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ дар намуди 15 халта орд, 50 литр равған, 40кг гӯшти гов, 50кг биринҷ, 100кг макарон, 50кг шакар, 20кг шоколад, 20кг кӯлчақанд ва 300 адади дафтар бо ручка расонида шуд.
Читать далееФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Подробности статьи
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама
намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ
Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба фармони мазкур мутобиқ гардонад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
16 марти соли 2022
№362
Читать далее
16 Март 2022
Иштирок дар ҷаласаи XXII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ
- Подробности статьи
16 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XXII Шӯро баргузор гардид.
Читать далее11 Март 2022
Боздид аз Пойтахти нави маъмурии Миср
- Подробности статьи
11 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср аз Пойтахти нави маъмурӣ маркази Ҷумҳурии нави ояндаи Арабии Мисри Араб боздид ба амал оварданд.
Читать далееҶаласаҳои навбатии Зеркумитаи рушди ҳамкорӣ ва Кумитаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардиданд
- Подробности статьи
10-11 марти соли 2022 тариқи видеоконфронс ҷаласаҳои навбатии Зеркумитаи рушди ҳамкорӣ ва Кумитаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардиданд.
Читать далееСарфароз гардидани Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Доктори фахрӣ”-и Донишгоҳи Қоҳира
- Подробности статьи
10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср ба Донишгоҳи Қоҳира ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд.
Читать далееМулоқот бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ
- Подробности статьи
10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо Раиси Сенати ин кишвар Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот карданд.
Читать далее