Навиди Вазорат



Иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

18 марти соли 2022 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи 93-юми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин (Роҳбари ҳайат), Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ва Мудири бахши ИДМ-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифӣ Абдулазиз иштирок намуданд.

Дар доираи ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, молия, мошинсозии кимиёвӣ, амнияти иттилоотӣ ва кишоварзӣ муҳокима гардиданд.

Завқизода З.А. оид ба дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои таъмини устувории макроиқтисодӣ новобаста ба таъсири манфии хавфҳои берунӣ ва сатҳи баланди ҳамкориҳои кишвар дар фазои ИДМ баромад карда, қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои иштирокчии ИДМ таваҷҷуҳи хоса медиҳад.

Дар робита ба ин айни ҳол беш аз нисфи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба давлатҳои иштирокчии ИДМ рост меояд.

Инчунин қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ лоиҳаи Созишнома оид ба савдои озоди хизматрасониҳои ИДМ-ро бо назардошти руйхати истисноӣ қобили таваҷҷуҳ мешуморад.

Илова бар ин дар ҷаласа вобаста ба истифодабарии пулҳои миллии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар ҳисоббаробаркуниҳои тиҷоратию иқтисодӣ қарори дахлдор қабул гардид.

Ҳамзамон дар доираи чорабинии мазкур Форуми байналмилалии иқтисодии давлатҳои иштирокчии ИДМ «Рӯзномаи «сабз» дар кишварҳои ИДМ: ҳамкорӣ барои рушд» баргузор гардид.

Дар охир аъзои Шӯрои иқтисодии ИДМ вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдорро қабул карда, як қисми онҳоро барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки 20 майи соли 2022 баргузор мегардад, пешниҳод намуданд.

 

 

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное