Январ 2021

27 Январ 2021

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Читать далее

23 Январ 2021

Таҳти раисии муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷаласаи Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ баргузор гардид

Таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид рӯзи 23 январи соли 2021 ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.

Читать далее

ЭЪЛОН!!!

 

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди миллии Тоҷикистон»-ро эълон менамояд.

Читать далее

20 Январ 2021

Восидиён Фарҳод Саъдулло

Восидиён Фарҳод Саъдулло

Санаи таваллуд:

26 январи соли 1985

Ҷойи таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Маълумот: Олӣ

Хатмкардаи:

Ихтисос: Иқтисодчӣ

 

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ш.Душанбе:

2006 - Иқтисодчӣ

 

Кадом забонҳои хориҷиро медонад:

Тоҷикӣ– модарӣ,

Русӣ – озод,

Англисӣ – озод.

 

Собиқаи корӣ:

2001 – 2006

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

2007 (07-09)

Мутахассиси пешбари Шуъбаи рушди соҳаҳои иҷтимоии Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

2007 – 2008

Мутахассиси Шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва иттлоотии маҷмӯии Раёсати таҳлили макроиқтисодӣ ва иттилоотии маҷмӯи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

2008 – 2009

Мутахассиси пешбари Шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва иттилоотии маҷмӯии Раёсати таҳлили макроиқтисодӣ ва иттилоотии маҷмӯии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

2009 – 2010

Сармутахассиси Шуъбаи ислоҳоти иқтисодии иттилоотии маҷмӯии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

2010 – 2012

Сармутахассиси Раёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва муносибатҳои молиявию қарзии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

2012 – 2015

Сармутахассиси Раёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бахши хусусии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

2015 (05-12)

Муовини сардори Раёсат-сардори Шуъбаи рушди илм, инноватсия ва захираҳои иттилоотии Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

2015 – 2018

Муовини сардори Сарраёсат-сардори Раёсати дурнамои макроиқтисодӣ ва муносибатҳои молиявии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

2018 – 2021

Сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

2021 – то ҳол

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Читать далее

15 Январ 2021

Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид.

15-уми январи соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2020 бо иштироки Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Муллоев Маҳмадӣ Ҷураевич баргузор гардид.

Читать далее

14 Январ 2021

Таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 баргузор гардид

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 13январи соли 2021 таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З. А. дар ноҳияи Панҷ маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 баргузор гардид.

Читать далее

12 Январ 2021

Фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии «Иқтисодчӣ»-и ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

12 январи соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии «Иқтисодчӣ»-и ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Читать далее

07 Январ 2021

Ниҳолшинонӣ дар Майдони “Истиқлол” ва шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ

7 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуда, дарахт шинониданд.

Читать далее

Мусоҳибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рузномаи “аш-Шарк”-и Давлати Қатар

 

(Сарсухани Ҳайати таҳририяи рӯзнома) 

Дар мусоҳиба бо рузномаи «Аш-Шарқ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои Тоҷикистону Қатарро дар ҳамаи сатҳҳо баланд арзёбӣ карда, аз мазмуну муҳтавои онҳо изҳори қаномандӣ намуданд ва иброз доштанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи ин кишварҳо тайи солҳои охир бомаром рушд карда истодаанд. Ҷаноби Олӣ таъкид карданд, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистон ва Қатар бар асоси арзишҳои муштараки тамаддуниву таърихӣ ва усули бародариву ҳамдигарфаҳмӣ, риояи манфиатҳо ва эҳтироми ҳамдигар роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамчунин, бо ишора ба таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ, Форуми соҳибкории ҷонибҳо илова карданд, ки механизмҳои ҳамкориҳои тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онҳо ташаккул ёфтаанд. Зимнан Ҷаноби Олӣ алоқамандии кишварашонро ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолияти ҳамаҷонибаи абзорҳои мазкур дар доираи шарикии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қатар қайд карданд.

Читать далее

05 Январ 2021

«Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Миёна оид ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ»

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи ёздаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) ва ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Миёна оид ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» бо роҳбарии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баргузор гардид.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное