26 Апрел 2018

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Маминро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин роҳҳои густариши минбаъдаи он баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо аз самти тамоюлҳои мусбии ҳамкории самарабахши ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои охирин сафари бобарори расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Остонаро, ки зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба даст омаданд, баҳри идомаи якҷояи кор оид ба татбиқи созишномаҳои музокироти сатҳи олӣ, муҳим арзёбӣ намуданд.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное