23 Феврал 2018

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!
Муҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Имрӯз мо бисту панҷумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани азизамон ҷашн мегирем.

Ба ин муносибат ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбиро, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти давлату ҷомеа саҳми бузург доранд, бо камоли ифтихор ва самимона табрик менамоям.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное