24 Январ 2014

Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ

   Имрӯзҳо дар шаҳри Давоси Швейтсария Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ ба кори худ идома медиҳад. Дар кори он бештар аз 2,5 ҳазор сиёсатмадор ва тоҷир ширкат меварзанд.

   Иштирокдорони чорабинии мазкур дар қатори дигар масъалаҳои муҳим, ҳамчунин масоили амнияти амиқи энергетикӣ ва рушди амиқ, таъсири инноватсия, мубориза алайҳи бекории ҷавонон, ҳамчунин рушди иқтисодиёти БРИКС (Бразилия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Русия) ва давлатҳои G20-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

   Дар назар аст, ки Форуми 44-уми умумиҷаҳонии иқтисодӣ 25 январи соли ҷорӣ кори худро ба анҷом расонад.

Читать далее

24 Январ 2014

Муомилот ба арзиши 1 миллиард доллар

   Русия мақсад дорад, ки ба истихроҷи кони газ дар соҳилҳои минтақаи Ғазза шуруъ намояд. Байни мақомоти дахлдори Федератсияи Русия ва Маъмурияти миллии Фаластин ҷиҳати бастани чунин шартнома ба арзиши 1 млрд. доллар гуфтушунид баргузор гардид.
  Роҳбари Маъмурияти миллии Фаластин Маҳмуд Аббос ва Сарвазири Русия Дмитрий Медведев созишномаи байниҳукуматиеро имзо хоҳанд кард, ки дар он ҳамчунин лоиҳаи истихроҷи гази табииро дар қитъаи тунукоби баҳри Миёназамин дар назар дорад.
   Маҳмуд Аббос Русияро даъват намуд, ки дар раванди сулҳи Шарқи Наздик нақши марказиро бозад. Ҳангоме ки дар Русия музокирот идома дошт, Сарвазири Исроил Б.Нетаняҳу дар Форуми умумиҷаҳонии Давос омодагии хешро ҷиҳати бастани созишномаи сулҳ бо фаластиниҳо иброз дошт. Ҳамин тавр, Русия тавассути муомилоти газ метавонад кафолати сулҳи деринтизор дар минтақа гардад.
   Созишнома ба ширкати «Газпром» имконият медиҳад, ки ба истихроҷи кони Marine дар соҳилҳои минтақаи Ғазза шуруъ намояд. Тибқи пешгӯиҳо кони мазкур 30 млрд. метри кубӣ газро доро мебошад. Тунукоби мазкур бо ҳамроҳии минтақаи Ғазза пас аз ҷанги соли 1967 ба ҳайати Фаластин шомил карда шуд.
   Корҳои иктишофие, ки ширкати British Gas ҳанӯз соли 2000-ум дар манотиқи Gaza Marine-1 ва Gaza Marine-2 анҷом дода буд, нишон дод, ки кони мазкур қариб 30 млрд. метри кубӣ газ дорад, аммо истихроҷи газ бо сабабҳои нооромии вазъият дар минтақа мавқуф гузошта шуд.
   Лоиҳаи Gaza Marine-1 ба маблағи 1 млрд. доллар баҳогузорӣ мешавад ва дар назар аст, ки истеҳсоли газ пас аз 3-4 сол оғоз ёбад.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное