Ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

5 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ гардид

.

Рӯзи 2 июли соли 2021 бо роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ мизи мудаввар дар робита ба муаррифии Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушди кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷонибҳои Тоҷикистону ИМА дар Вашингтон омодагии худро барои тавсеа додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорию энергияи сабз ва пешгирии паёмадҳои паҳншавии КОВИД-19 ва тағйирёбии иқлим изҳор намуданд.

.

1 июли соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин қисмати иқтисодӣ ва энергетикии машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Вашингтонро якҷо бо Мэтт Марри муовини ёрдамчии Котиби давлатии ИМА оид ба иқтисод ва тиҷорат раисӣ карда, масъалаҳои истифодаи пурраи имкониятҳои савдо ва сармоягузории дуҷониба, ҳамгироии минтақавӣ, пешгирии тағйирёбии иқлим ва муҳити зист, коронавируси COVID-19 ва тандурустиро бо ҷониби ИМА муҳокима намуданд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное