Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ

.

 

 

 

6 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Мулоқоти машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон аз намоишгоҳи  маҳсулоти саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид ба амал оварданд.

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми иқтисодӣ дар доираи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон иштирок намуд

.

6 августи соли 2021 дар ҳошияи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ва Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар минтақаи сайёҳии “Аваза”, шаҳри Туркманбошии Туркманистон Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З.А. иштирок ва суханронӣ намуд.

Иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

.

6 август дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное