Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон

.

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияи Шуғнон!

Сафари кории мо ба ноҳияи биҳиштосои Шуғнон замоне баргузор мегардад, ки чанд рӯз қабл мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Шуғнон сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил намуданд.

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа

.

Ҳамдиёрони азиз!

Мулоқоти мову шумо дар айёме баргузор мегардад, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамагӣ чанд рӯз пештар ҷашни бузурги миллиамон – сиюмин солгарди истиқлоли давлатиро таҷлил карданд.

Маросими супоридани ҷоизаҳои байналмилалӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

28 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин маросими супоридани ҷоизаҳои байналмилалӣ ба 3 бонувони ихтироъкори ҷумҳурӣ Раҳимова Малика – бо медали нуқра ва мукофоти махсуси Ассотсиатсияи намояндагони патентии Корея, Зуурбекова Ойбегим ва Мижгона Шарофова – бо медалҳои биринҷӣ, ки дар 14 – умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтирои бонувон дар Кореяи Ҷанубӣ «KIWIE – 2021» ва Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор, иштирок намуда, соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гаштаанд, баргузор гардид.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное