
Форуми байналмилалии соҳибкори Душанбе
14 октябр таҷлили дуюмин солгарди “Рӯзи соҳибкор” ва дар доираи он “Форуми байналмилалии соҳибкори Душанбе-2016” баргузор мегардад. Маълумоти муфассал: forumtajikistan.tj
Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат ва ММПИ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он меҳмонон- адиби шинохта, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, директори Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон Кароматуллои Мирзо, муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Саодатшо Матробиён ва сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот Саврбону Фарҳодова ширкат варзиданд.
Семинари миллии СУС
Рузҳои 27-28 сентябри соли ҷорӣ дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи кумаки техникии СУС Семинар оид ба принсипҳои шаффофият дар созишномаҳои СУС оид ба Чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ ва Монеаҳои техникӣ дар савдо баргузор гардид. Дар семинари болозикр намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд.